Бар асари омадани сел рӯзи 8 июл дар қаламрави вилояти Суғд ба қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон ва роҳу пулҳо зарар расид.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, боришоти шадид ба омадани сел дар деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ боис гардидааст.

Маҷрои сел 850 метр канали оби нӯшокии шаҳраки Аслонободро аз лой пур кард. Корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд. Ин сел талафоти ҷониву хисороти дигар надошт.

Сурат: КҲФ ҶТ

Нимаи дуюми рӯзи 8 июл баъди боришоти шадид дар деҳаи Понгози ҷамоати деҳоти Понгози ноҳияи Ашт сел омад.

Дар натиҷа об қитъаҳои замини сокинон, иншооти ёрирасон ва роҳи байнидеҳаро хароб кард. Комиссияи ноҳиявӣ дар ҷои ҳодиса кор мекунад, талафоти ҷонӣ нест.

1/4

Гуфта мешавад, худи ҳамон рӯз дар ҳудуди деҳаи Мазори Шарифи ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент сел роҳи байни деҳ, ки тавассути пул ба ҳам васл мешуд, аз лой пур кард.

Сурат: КҲФ ҶТ

Тибқи маълумоти Кумита, барои анҷоми корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба ҷойи ҳодиса техникаи вазнини муҳандисии хадамоти роҳи шаҳр сафарбар карда шуд. Корҳои бартарафсозии паёмадҳои сел идома доранд. Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.