Мошини ҷаҳонгардони чех, ки аввали моҳи август дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дучори садама шуда буд, қариб пурра таъмир шудааст. Ҳоло устоҳо корҳои охирини таъмирро анҷом медиҳанд ва баъди он, сайёҳони чех метавонанд бо мошини худ ба сафар идома диҳанд.
Ин мошин дар минтақаи баландкӯҳ аз баландии 3 ҳазор метр сарозер шуд ва миёни дарахтон дармонд. Замони ҳодиса дохили мошин 9 нафар қарор дошт. Ҳеҷ яке аз мусофирон осеби ҷиддӣ набардошт.
Мошини сайёҳонро сокинони маҳаллӣ ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз чуқурӣ берун кардаанд.
8 сайёҳи дохили он ба ватан баргаштанд, яке аз онҳо - Марек Ҳавричек дар Тоҷикистон монд, зеро нахост мошинашро партофта, равад.
Ҳоло мошини тамғаи “Татра”-и сайёҳони чех дар корхонаи “Оби зулол”, воқеъ дар Душанбе таъмир мешавад. Барои таъмири он аз Ҷумҳурии Чех мутахассис даъват кардаанд. Аммо харҷи таъмирро ширкати “Оби зулол” ба зимма гирифтааст.
Ҳамакнун, Марек Ҳавричек мегӯяд, баъди анҷоми таъмири мошинаш ба кишварҳои ҳамсояи мо сарфар карда, баъдан ба Аврупо бармегардад.
“Шояд баъди ба зодгоҳ расидан, мошинро ба фурӯш гузорам”, - гуфт Марек Ҳавричек.
Муфассал дар навори зерин тамошо кунед:
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 3
Заминларза. Чӣ гуна метавон худро ҳифз кард ва ба кадом хатоҳо набояд роҳ дод?
Охири ҳамин ҳафта ҳавои Тоҷикистон каме сарду серборон мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 апрели соли 2025
“Душманонаш ташкил карданд”. Ҳамсари раиси пешини Конибодом боздошти шавҳарашро тасдиқ, аммо айбро рад кард
Ҷаримаи як ронандаи таксӣ барои бадрафторӣ бо сайёҳони австралиягӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста