Ҳинд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳавасмандии худро барои бунёди шарикии ҳамаҷониба, устувор ва тақвияти ҳамбастагӣ миёни ҳам изҳор карданд. Ин нукта дар изҳороти ниҳоии нишасти 4-умин Муколамаи “Осиёи Марказӣ – Ҳинд”, ки 6-уми июни соли 2025 дар Ню-Деҳлӣ баргузор шуд, зикр гардид. Дар ин нишаст вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.
Дар изҳороти ниҳоӣ аз ҷумла таъкид мегардад:
- Тақвияти муносибатҳои молиявӣ байни Ҳинд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тавассути низоми пардохти рақамӣ, беҳтар кардани робитаҳои байнибанкӣ ва савдо бо пули миллӣ;
- Ҳамкории муштарак дар таҳқиқи маъданҳои нодир ва стратегӣ. Тарафҳо натиҷаҳои форуми аввалини Ҳинд - Осиёи Марказиро дар бораи маъданҳои камёб, ки сентябри 2024 дар Ню-Деҳлӣ баргузор шуд, баҳои баланд доданд ва мувофиқа карданд, ки нишасти дуюмро дар наздиктарин фурсат баргузор кунанд;
- Афзоиш истифодаи долони нақлиётии байналмилалии “Шимол – Ҷануб” (INSTC) барои беҳтар кардани ҳамбастагӣ байни Ҳинд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ. Деҳлӣ манфиат ва хоҳиши кишварҳои Осиёи Марказиро дар истифодаи терминали Шаҳид Биҳистӣ дар бандари Чобаҳор барои соддагардонии савдо бо Ҳинд ва кишварҳои дигар, таъйид мекунад;
- Тақвияти ҳамкории мутақобила дар соҳаҳои илм ва технология, кайҳон ва инноватсия бо васеъ кардани ҳамкории мустақим байни ташкилоти давлатӣ, институтҳои таҳқиқотӣ, марказҳои инноватсионӣ ва корхонаҳои технологӣ дар Ҳинд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ;
- Ташкили Форум барои ҳамкории рақамии Ҳинд – Осиёи Марказӣ. Ҳинд омода аст, ки дар рушди инфрасохтори рақамии ҷамъиятӣ (DPI) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯмак расонад. Тарафҳо ба ҳамкории муштарак барои истифодаи ҳалли инноватсионӣ дар соҳаҳое, ба монанди тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, мувофиқа карданд;
- Тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла сайёҳии тиббӣ. Бо пайравӣ аз рӯҳи Ҳинд “Як Замин, як саломатӣ”, тарафҳо тасмим гирифтанд, ки дар беҳтар кардани инфрасохтори тандурустӣ ва хидматрасонии тиббӣ ва ҳамчунин тарғиби тибби анъанавӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ кунанд;
- Мусоидат ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф ва башардӯстӣ барои фаъолсозии бештари робитаҳои байни мардум. Вазирон аз пешниҳоди Тоҷикистон барои баргузор кардани дуюмин нишасти вазирони фарҳанги Ҳинд ва Осиёи Марказӣ истиқбол карданд;
- Ташвиқи сафарҳои ҳайатҳои ҷавонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Ҳинд барои бунёди робитаҳои устувор байни мардум. Вазирон аҳамияти фароҳам овардани шароити хуб барои донишҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндро таъкид карданд, ки дар донишгоҳҳои якдигар таҳсил мекунанд;
- Баргузор кардани машваратҳои мунтазам байни мақомоти амнияти Ҳинд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати қуввати талошҳо дар мубориза бо терроризм ва дигар таҳдидҳо дар минтақа. Вазирон ваъда доданд, ки ҳамкориро дар соҳаи мубориза бо терроризм ва дигар таҳдидҳо дар минтақа тақвият хоҳанд кард.

Бояд гуфт, пештар аз ин, рӯзи 5-уми июн, Сироҷиддин Муҳриддин бо Субраҳманям Ҷайшанкар, вазири умури хориҷии Ҳинд мулоқот кард.
Зимни вохӯрӣ мусоҳибон доираи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин замина рушди ҳамкории пойдори ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ таъкид гардид.
Он рӯз, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҳинд Гаҷендра Сингҳ Шекҳават мулоқот кард.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ, адабӣ ва сайёҳӣ байни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, қайд намуданд, ки ин муносибатҳо бар асоси пайвандҳои таърихӣ, забонӣ ва маънавии асрҳо таҳким ёфтаанд.
Як қатор иқдом, аз ҷумла таҳияи феҳристи ягонаи дастнависҳои тоҷикӣ-форсии маҳфуз дар китобхонаҳо ва бойгониҳои Ҳинд ва рақамикунонии онҳо, аз ҷумла платформаи онлайнии “Ганҷинаи Бедил”, ки ба осори Мирзо Абдулқодири Бедил, шоири маъруфи адабиёти форсизабони дар Ҳинд зиста, бахшида шудааст, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Дар идома, масъалаи баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ, аз ҷумла Рӯзҳои фарҳангӣ, дастгирии нашри маҷмӯаи чандзабона бо номи “Бедил дар ойинаи дил” ва барқарорсозии боғи таърихии “Боғи Бедил” дар шаҳри Деҳлӣ ҳамчун рамзи муштаракоти фарҳангӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.
Ҳамчунин, Сироҷиддин Муҳриддин дар Шурои соҳибкорон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ иштирок кард ва зикр кард, ки Тоҷикистону Ҳинд ҳамкориҳои судманди худро тавассути ҳамкориҳои мутақбоилан муфид дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва саноат таҳким мебахшанд.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста