Душанбе. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Сомонаи ҳукумати Русия иттилоъ медиҳад, ки Русия ният дорад, ҷиҳати таъсиси Маркази мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва психотропӣ дар Осиёи Марказӣ бо як қатор давлатҳо созишнома ба имзо расонад.

Лоиҳаи созишномаро сарвазири Русия омода сохта, он барои баррасӣ ба сарвари давлат Медведев пешниҳод шудааст.

Интизор меравад, ки созишнома аз ҷониби Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба имзо хоҳад расид.