Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мулоқоти директори агентӣ Рустам Назаров бо мушовирони тандурустии Раёсати беҳдошт, маориф ва ҳифзи иҷтимоии Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории фаннӣ дар Тоҷикистон доир гардид.

Аз дафтари матбуоти агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки мулоқот бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар татбиқи тарҳи «Ҷавонон, ВИЧ/СПИД, Нашъамандӣ» баргузор шуд. «Меҳмонон сарвари агентиро огоҳ сохтанд, ки барои татбиқи ин тарҳ ҳукумати Олмон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон аллакай 2 миллион евро ҷудо кардааст», - иттилоъ дод сарчашма.

Ба гуфтаи намояндаи агентӣ, Р.Назаров ба намояндагони ҷамъияти Олмон дар бораи вазъи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар кишвар, фаъолияти агентӣ, тамоилҳои асосии нашъамандӣ ва чораҳои андешида барои ҳалли он маълумот дод.

Ёдрас мекунем, ки Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории фаннӣ дар Тоҷикистон созмони иҷроияи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон оид ба рушд буда,дар асоси созишномаҳои дуҷониба амал мекунад.