Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони Раёсати умури дохилӣ дар нақлиёти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар қаллобӣ сокини 49-солаи ноҳияи Ҳисор Толиб Боймирзоевро, ки дар пайгарди қонунӣ қарор дошт, дастгир намуданд.
Сардори дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки номбурда моҳи сентябри соли 2006 аз хоҷагии деҳқонии «Хелисой»-и ноҳияи Ҳисор гӯё барои фурӯш дар Русия 144 тонна ангур гирифтааст, вале то ҳол аз ин ҳисоб беш аз 45 ҳазор сомониро пардохт накардааст.
«Баъди муроҷиати намояндагони хоҷагии деҳқонӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯ муддати ду сол бедарак шуд», - изҳор дошт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни тафтиш маълум гардид, ки Т.Боймирзоев ҳамчунин дар содир намудани ҷинояти дигаре низ даст дорад. «Аввалҳои соли 2007 Т.Боймирзоев ба боварии сокини пойтахт Сайлуқмон Муродов даромада, аз ӯ бо баёнот
5 ҳазор доллари амрикоӣ қарз мегирад, вале дар мӯҳлати таъиншуда онро барнагардонида, боз пинҳон мешавад», - афзуд сарчашма. Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ ба буҷет пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Арзиши хидматрасониҳои муассисаҳои хусусии томактабии Тоҷикистон пасттарин дар Осиёи Марказӣ аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2025
Гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон: харита ва реҷаи кори онҳо
Пагоҳ сокинони Тоҷикистон гирифти Моҳро мушоҳида карда метавонанд?
Маош ва мақоми омӯзгорон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста