Кӯлоб. 29-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи дуввум аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Данғара ва шӯъбаи минтақавии Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон дар ҷустуҷӯи ронандае мебошанд, ки шомгоҳон дар деҳаи Калкоти ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара Рустами Маҳмуди 11-соларо бо мошинаш пахш намудааст.

Аз шӯъбаи минтақавии Бозрасии давлатии автомобилӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор доштанд, ки аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта кӯдак дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Манбаъ ҳамчунин зикр кард, ки «чунин рафтори ғайриинсонии ронанда, ки аз ҷои воқеа ғайб задааст, беҷазо нахоҳад монд ва ӯро ҳатман дастгир мекунанд».