Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» Давлаталӣ Ҳотамов изҳор дошт, ки дар бозорҳои ҷумҳурӣ сифати маҳсулоти ғизоӣ, бахусус равғани растанӣ воқеъан ҳам паст аст ва ҳақ ба ҷониби сарвари давлат буд, ки дар ҷаласаи ҳукумат рӯзи 16-уми январ ба ин масъала ишора кард.

            Ба гуфтаи ӯ, соли 2008 дар нуқтаҳои тиҷоратии қаламрави кишвар 17 номгӯи маҳсулоти ғайримеъёрии давлатӣ ошкор гардида, фурӯши беш аз 217 тонна равғани растанӣ, 28 тонна картони рангдодашуда барои фурӯш чун чойи сиёҳ, 18 тонна ярма, 6,3 тонна маҳсулоти макаронӣ, ҳудуди 6 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 22 тонна иловаҳои ғизоӣ, 40 тонна маҳсулоти ширӣ ва 230 тонна консерва манъ карда шуд, зеро он ба талаботи меъёр ҷавобгӯ набуд.

            Номбурда афзуд, ки соли гузашта дар 255 корхонаи ҷумҳурӣ (12,8 дарсад) далелҳои риоя накардани меъёрҳои метрологӣ ба қайд гирифта шуданд.