Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Шурӯъ аз фардо, 20-уми март ҳайати шахсии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ва нерӯҳои низомии сохтори умури дохилӣ ба реҷаи шадиди фаъолият мегузаранд.

            Тавре аз Вазорати умури дохилии   кишвар ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чораи мазкур бинобар таҷлили ҷашни Наврӯз пеш гирифта мешавад.

            Бино ба иттилои манбаъ, иншооти ҳаётан муҳими давлатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятии умумӣ таҳти муҳофизати кормандони милиса қарор мегиранд. Реҷаи шадиди фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то 25-уми март идома хоҳад ёфт.

            Ғайр аз ин, тибқи иттилои расида аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, ин рӯзҳо дар марзи давлатии ҷумҳурӣ ва бахусус дар марз бо Афғонистон низ чораҳои пурзӯр намудани муҳофизати марз андешида мешаванд.