Собиқ додситони ноҳияи Ҳисор Файзулло Бобохонов, писари собиқ Додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов ба муддати 7 соли зиндон маҳкум гардид. Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Файзулло Бобохонов дар Додгоҳи Олӣ баррасӣ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз додгоҳ хабар доданд, дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ, ки моҳи апрели соли равон шурӯъ шуда буд, гуноҳи айбдоршаванда пурра собит карда шуд. Ёдрас мекунем, ки Ф. Бобохонов мутобиқи моддаҳои 250. қ. 4 (Тамаъҷӯӣ бо мақсади ба миқдори махсусан калон ба даст овардани молу мулк), якчанд қисми моддаи 314 (суистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 316 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ), 347 (Қаллобӣ) ва 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суиқасди ҷиноят)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешуд.
Ба иттилои манбаъ, тамоми ҷиноётро ӯ дар замони мансабҳои гуногунро дар мақомоти додситонӣ ишғол карданаш содир кардааст.
Ҳамчунин дар мурофиаи додоҳӣ парвандаи собиқ сармуфаттиши додситонии ноҳияиҲисор Шоҳрух Нуралиев низ баррасӣ гардида, ӯ ба мӯҳлати 5,5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Адвокатҳои маҳкумшудагон ба ҳалномаи додгоҳ норозигӣ изҳор карданд. Аз ҷумла адвокати яке аз маҳкумшудагон Сайкомил Қурбонов дар сӯҳбат бо ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки аз болои ҳалномаи додгоҳ бо тартиботи кассатсионӣ шикоят хоҳад бурд. Ӯ ҳамчунини гуфт, Бобохонов ва Нуралиев ба қисман мавриди афф дар ҷумҳурӣ эълонгардида қарор гирифтан ҳуқуқ доранд.
Файзулло Бобохонов ба гумони даст доштан дар ришваситонӣ соли 2010 ба ҳабс гирифта шуд. Соли 2005, замони дар мансаби додситони кулли Тоҷикистон қарор доштани падараш Бобоҷон Бобохонов ӯ ба мансаби додситони ноҳияи Ҳисор таъин гардид.
Кормандони Агентии зиддифасоди кишвар амволи ӯ – ду манзили зист дар шаҳри Душанбе, ду хонаи сохтмонаш нотамом дар ноҳияи Ҳисор ва шаҳри Қӯрғонтеппа, ду қитъаи замини 10 сотихӣ ва боғ дар ноҳияи Ҳисор ва ҳамчунин се автомашинаи гаронбаҳояш – ду автомашинаи «Lexus» ва як автомашинаи «Toyota Camry»-ро ба ҳабс гирифтанд.
Дар акс собиқ Додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста