Адвокатураи Тоҷикистон дар марҳилаи ислоҳот қарор дорад. Узви Раёсати ҳайати мушовараи адвокатҳои «Сипар» ва намояндаи гурӯҳи ташаббускор Абдуқаюм Юсуфов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҷеъ ба марҳилаҳои раванди мазкур маълумот дод.
Ба гуфтаи вай, 17-уми октябри соли равон аз ҷониби роҳбарони шаш ташкилоти адвокатҳои кишвар дар чаҳорчӯби Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ҶТ барои солҳои 2011-2013, ки аз ҷониби президенти ҶТ тасдиқ шудааст, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар ҷараёни ислоҳоти қонунгузорӣ ба имзо расид, ки фаъолияти ниҳоди адвокатураи Тоҷикистонро танзим менамояд.
Ҳамин тариқ, бо мақсади роҳандозии ислоҳот дар ниҳоди адвокатура дар Тоҷикистон гурӯҳи ташаббускори ҷамъияти адвокатҳо таъсис дода шуд. Дар таърихи 27-уми марти соли равон бо мақсади баланд бардоштани нақши адвокатура ҳамчун ниҳоди конститутсионӣ, барқарор кардани тавозуни манфиатҳои тамоми субъектҳои баҳс оид ба истифодаи қонунгузорӣ, такмил ва татбиқи пурсамари Барномаи давлатӣ оид ба амалисозии Консепсияи рушди қонунгузории Тоҷикистон дар бахши сохтори давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният, гурӯҳи ташаббускор ба ҳукумати кишвар, вазорати адлия ва Маркази миллӣ оид ба қонунгузориии ҶТ муроҷиат кард.
«Дар муроҷиат ҷамъияти адвокатҳо пешниҳод намуд, ки намоянагони адвокатура ба ҳайати гурӯҳҳои корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи адвокатура», такмили қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон», таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҶТ дар бораи қонунвайронкуниҳои маъмурӣ», такмили масоили истеҳсолоти судӣдар ҶТ, таҳияи Кодекси ҷиноӣ дар таҳрири нав шомил карда шаванд», - идома дод Юсуфов.
Номбурда афзуд, қонунҳои зикршуда, ки ба таҳрирри нав ва такмил ниёз доранд, бевосита ба фаъолияти адвокат дар мавриди ҳимоя ва пуштибонӣ аз манфиатҳои шаҳрвандон марбутанд.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста