Кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон як ҷинояти марбут ба куштори бераҳмонаи духтари 5-сола дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро, ки рӯзи 8-уми январи соли равон содир шуда буд, ошкор сохтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори РКД вилояти Хатлон Анвар Тағоймуродов хабар дод, дар таърихи 25-уми январ зимни амалиёти муштараки кормандони милисаи вилоят ва Раёсати мубориза бо ҷинояткории созмонёфтаи ВКД Тоҷикистон гумонбаршуда дар содир намудани ин ҷиноят боздошт шуд.

«Ӯ сокини 32-солаи ҳамин ноҳия Фаррух Абдуллоев аст, ки қаблан барои таҷовуз ба номуси ноболиғ ба муҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум карда шуда буд», - гуфт Тағоймуродов.

Ӯ ҳамчунин гуфт, дар бозпурсии пешакӣ гумонбаршуда ба гуноҳи худ иқрор шудааст. Тафтишоти парвандаи мазкур идома дорад.