Суди вилояти Хатлон шикояти халабони ширкати Rolkan Investments Ltd, шаҳрванди Русия Владимир Садовничийро бозпас баргардонд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» вакили мудофеи халабон Ғулом Бобоев изҳор дошт, шикоят бинобар сабаби мутобиқат накардан ба қонунгузории кишвар баргардонида шудааст.

«Дар посухи суд гуфта мешавад, сабаби баргардонидани шикоят мутобиқат накардани он ба моддаҳои 403 ва 406-и Кодекси мурофиавии ҷиноии ҶТ аст. Ғайр аз ин, ба шикоят «бо тартиби муқарраршуда» нусхаи ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа ва 8-уми ноябри соли 2011 ва таъиноти ҳайати мушовараи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилояти Хатлон аз 22-уми ноябри соли 2011 дар бораи парвандаи мазкур замима нашудааст», - гуфт вай.

Ба қавли вакили мудофеъ, мутобиқи талаботи қисми 1, моддаи 407-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ, агар эътироз ё шикоят ҷавобгўи талаботи пешбининамудаи моддаи 406 Кодекси мазкур набошад, он аз ҷониби судя дар мўҳлати як моҳ аз рўзи воридшавӣ ба суди марҳилаи назоратӣ бе баррасӣ  баргардонида мешавад.

«Дар фурсати наздиктарин камбудиҳои ҷойдошта дар шикоят ислоҳ шуда, он дубора ба суди вилояти Хатлон пешниҳод карда мешавад», - афзуд Бобоев.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард.

Пас аз бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ гардидани парванда, додгоҳи вилояти Хатлон мӯҳлати ҷазои ду халабони ширкати ҳавопаймоии «Rolkan Investments Ltd»-ро то ба 2 солу 6 моҳу 10 рӯз кам карда, бо назардошти истифодаи қонуни афв нисбат ба онҳо ва муддати зиёда аз 6 моҳ дар маҳбас қарор доштанашон, онҳоро аз толори додгоҳ озод намуд. Мутобиқи қарори додгоҳ, ба онҳо машғул шудан ба идораи ҳавопаймоҳо ба муддати чаҳор сол манъ карда шуд.