Се нафар сокини вилояти Суғд барои қатли бераҳмонаи корманди нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ ба муҳлатҳои зиёд равонаи зиндон шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии мазкур судя Абдуфайёз Абдуҷабборов хабар дод, чанде қабл дар суди вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба се нафар сокинони ноҳияи Мастчоҳ, ки миёнашон фармоишгари ҷиноят – як зан низ ҳузур дошт, ба анҷом расид.

Суд Гулбаҳор Давлатоваи 33-сола, модари панҷ фарзанди ноболиғро ба муддати 24 сол, Рустам Солеҳови 22-соларо ба муҳлати 28 сол  ва Рашид Абдураҳмонови 22-соларо ба муддати 27 сол маҳкум кард.

Ба гуфтаи судя, моҳи июли соли гузашта дар ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ шахсони номаълум ба кормандони нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ Ҳалим Ҷумъаеви 26-сола ва Мирзошариф Ашӯрови 23-сола дарафтода, бо якчанд зарбаи корд онҳоро захмӣ месозанд. М.Ашӯров аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ҳамроҳи ӯ зинда мемонад.

Ҳарду ҷинояткор - Рустам Солеҳов ва Рашид Абдураҳмонов баъди якчанд рӯз боздошт шуданд. Дар ҷараёни мурофиаи судӣ маълум шудааст, ки онҳо иҷрокунандаи фармоиши Г.Давлатова будаанд. Барои куштор ӯ ба онҳо 3 ҳазор доллари ИМА маблағ ва макони будубоши доимӣ дар Русияро ваъда кардааст. Мақсади ба ҷиноят даст задани Г.Давлатова ситонидани қасос аз падари яке аз кормандони нуқтаи фурӯш будааст.