Собиқ муовини прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва собиқ прокурори ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон Шермат Нуров бо шарти тарк накардани қаламрави кишвар аз ҳабс озод карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд, нисбат ба ӯ пас аз ҷуброни пурраи зарар дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари ИМА ба ҷабрдидагон чунин чора пеш гирифта шудаат.

Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Нуров мутобиқи моддаи 247, қ. 4-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) рӯзи 28-уми майи соли равон дар ҷараёни тафтишоти парвандаи ҷиноии собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва соҳибкор Низомхон Ҷӯраев боз шуд.

«Дар ҷараёни тафтишот муқаррар шудааст, ки тахминан моҳи феврали соли 2009 айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи ҷиноӣ нисбат ба бародарони Низомхон Ҷӯраев ва дигар шахсон – Рустам Олимов бо прокурори ноҳияи Восеъ Шермат Нуров вохӯрда, аз ӯ дархост мекунад, ки дар таъини ҷазои нисбатан сабуктар ба бародарони Ҷӯраев мусоидат намояд», - гуфт манбаъ.

Зикр мегардад, ки Нуров бо истифода аз мавқеи мусоиди худ ва бо баҳонаи гӯё мусоидат кардан ба қарори суд соли 2009 аз оилаи Ҷӯраевҳо 100 ҳазор доллари ИМА маблағ мегирад. Ҳамин тариқ ӯ ба оилаи Ҷӯраевҳо дар ҳаҷми ниҳоят зиёд зарар мерасонад.