Дар вилояти Суғд барои парвариши рустаниҳои нашъадор нисбат ба сокини Исфара парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2012» зимни азназаргузаронии қитъаи замини наздиҳавлигии сокини 47-солаи ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара Л.Х. кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 86 ниҳоли бангдонаи ҳиндӣ дарёфт ва нобуд мекунанд. Номбурда қаблан низ тибқи моддаи 200, қ. 1- КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) маҳкум шудааст.

Айни замон аз рӯйи ин далел нисбат ба Л.Х. мутобиқи моддаи 204, қ. 3-и КҶ ҶТ (     

Парвариши  ғайриқонунии зироатҳои дорои моддаҳои нашъадори кишташон манъшуда) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки дар вилояти Суғд амалиёти «Кӯкнор-2012» 20-уми май оғоз гардида, то 30-юми ноябри соли равон идома меёбад. Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд, шурӯъ аз оғози амалиёт то имрӯз дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ зиёда аз 1,5 млн. адад ниҳоли бангдона дарёфт ва нобуд карда шуд.