Суди шаҳри Қӯрғонтеппа собиқ сардори боздоштгоҳи муваққатии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Шаҳритӯс Миралӣ Тошматов ва собиқ ҳамкори ӯ Мусулмон Холматовро аз толори суд озод кард.

Суд Тошматовро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 319, қ. 2 (Гирифтани пора) ва 314, қ. 1 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ)-и КҶ ҶТ ва Мусулмон Холматовро танҳо дар амалҳои ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 314, қ.1 гунаҳкор эътироф кард.

Бо назардошти собиқаи кории зиёд дар сафи ВКД ва вазъи оилавии Тошматов, суд ҷазои муҳлати зиндонро ба ҷарима дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ иваз кард. Чун Тошматов муддати 109 рӯз дар тавқифгоҳи муваққатӣ қарор дошт, ҳаҷми ҷарима то 4 ҳазор сомонӣ кам карда шуд. Ғайр аз ин, ӯ ба муддати ду соли оянда аз ишғоли мансаб дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ маҳрум гардид.

Корманди дигари милиса Холматовро суд ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҷарима баст ва чун ӯ низ муддати 109 рӯз дар маҳбас қарор дошт, ҳаҷми ҷарима то 7 ҳазору 280 сомонӣ кам гардид.

Ду нафар маҳбусони фирорӣ Рӯзибой Чориев ва Рӯзибой Шерхонов, ки қаблан ба муддати 6 соли зиндон маҳкум шуда буданд, муҳлати ҷазояшон мутаносибан то 7,6 ва 8,6 сол зиёд гардид.

Собиқ сардори боздоштгоҳи муваққатии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Шаҳритӯс Миралӣ Тошматов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки аз ҳукми суд розӣ ва аз болои он ба ҳеҷ куҷо шикоят бурданӣ нест. «Мо худро гунаҳкор мешуморем ва аз ҳукми суд розӣ ҳастем», - гуфт собиқ корманди милиса.

Адвокати ӯ Ғулом Бобоев зикр кард, ки ӯ ҳам аз ҳукми суд қаноатманд аст. «Дар мурофиа далелҳои мо оид ба пурра бегуноҳ эътироф кардани Тошматов тибқи модда 319 ба инобат гирифта нашуданд, лекин ман аз ҳукми суд комилан қаноатмандам. Аз ҳама асосиаш озод шудани онҳо аст», - афзуд адвокат.

Ёдрас мекунем, ки бо сабаби риоя накардани дастурҳои мансабӣ аз ҷониби ин ду корманди милиса ба ду нафар маҳкумшуда муяссар шуд, ки фирор кунанд.

Санаи 14-уми марти соли равон суди ноҳияи Шаҳритӯс шаҳрвандон Рӯзибой Чориев ва Рӯзибой Шерхоновро ба дуздӣ муттаҳам дониста, ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон кард.

Пас аз ду рӯз кормандони боздоштгоҳи муваққатии ШКД-и ноҳияи Шаҳритӯс Тошматов ва Холматов бояд маҳкумшудагонро ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Қӯрғонтеппа интиқол медоданд. Аммо маҳкумшуда Шерхонов ба онҳо 100 сомонӣ маблағ пешниҳод намуда, дархост мекунад, ки иҷозат диҳанд, ҳамсарашро низ ба мошин гирифта, дар соҳили дарё дар ноҳияи Қубодиён бо ӯ мулоқот кунад.

Пас аз ин онҳо маҳкумшудагонро бидуни дастбанд ҳамроҳӣ намуда, дар яке аз қаҳвахонаҳои сари роҳ таваққуф мекунанд, то ки ғизо тановул намоянд. Ҳангоми наздик шудан ба боздоштгоҳи мувақкатӣ онҳо муддате маҳкумшудагонро дар мошин беназорат мегузоранд ва онҳо аз ин фурсати қулай истифода бурда, рӯ ба гурез мениҳанд.

Баъдтар маҳкумшудагони фирорӣ боздошт шуданд. Прокуратура нисбат ба ин амали кормандони боздоштгоҳи муваққатӣ Тошматов ва Холматов парвандаи ҷиноӣ боз намуд.