Дар вилояти Хатлон бори нахуст тибқи моддаи нави Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ – «Шиканҷа» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Зимни нишасти хабарӣ дар прокуратураи вилоят муовини аввали прокурори вилояти Хатлон Баҳодур Ҳомидов гуфт, нисбат ба корманди милисаи минтақавии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон Машраф Алиев мутобиқи моддаҳои 143, қ. 1 (Шиканҷа), 109 (То ба худкушӣ оварда расонидан) ва 316 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

«Рӯзи 29-уми апрели соли равон сокини деҳаи Қулободи ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон Хушвақти Маҳмадсаидро дар манзили зисташ ба дор овехта дарёфт карданд. Наздикону хешовандонаш ӯро аз дор берун оварда, ба бемористон овардаанд ва ӯ то ҳанӯз дар он ҷо бистарӣ аст», - гуфт Ҳомидов.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки чанде қабл аз ин ҳодиса милисаи минтақавӣ Хушвақтро ба ҳуҷраи кориаш даъват ва ӯро ба дуздӣ муттаҳам карда, бо таҳқиру лату кӯб маҷбур кардаст, ки гуноҳро ба гардан бигирад.

«Тафтишот бар ин назар аст, ки пас аз чунин муносибати бераҳмонаи корманди милиса кӯдак тасмим гирифтааст, ки ба худкушӣ даст занад», - таъкид кард Ҳомидов.

Айни замон парвандаи ҷиноиӣ нисбат ба Машраф Алиев мавриди баррасии суди Ёвон қарор дошта, ба корманди милиса тарки маҳалли сукунат манъ шудааст.