Суди шаҳри Хуҷанд нисбат ба ду нафар занон, ки ба даст доштан дар ҷалби одамон барои истифода бо мақсадҳои шаҳвонӣ айбдор карда мешуданд, ҳукм содир намуд.

Мурофиаи судии нисбати ду нафар занон - сокини 33-солаи ноҳияи Зафаробод ва сокини 30-солаи шаҳри Чкаловск дар бинои боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии мазкур, судяи суди шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Аҳроров хабар дод, яке аз занон дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 247, қ. 2, б. «в» (Қаллобӣ бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд), 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суисқасди ҷиноят) ва 132, қ. 3, б. «б» ((Ҷалби одамон барои истисмор бо мақсади аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бурдани чунин шахсон)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста шуда, ба муддати 6 соли зиндони низоми умумӣ маҳкум гардид.

Зани дуюм мутобиқи моддаи 132, қ. 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ айбдор дониста шуда, ба муддати 5 сол равонаи зиндон шуд.

Судя зикр кард, ки яке аз занон таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошта, 28-уми феврали соли равон ҳангоми парвоз ба Шарҷа дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шудааст. Тибқи маълумоти расида ба кормандони мақомот, ин зан ба сафарбар намудани духтарон ба хориҷи кишвар барои истифода бо мақсадҳои шаҳвонӣ машғул будааст.

«Дар ҷараёни тафтишот ӯ иқрор шуд, ки бо сокини 30-солаи шаҳри Чкаловск ҳамроҳ кор мекардаанд ва ӯ барои ҳар як духтари пешниҳодшуда ба ҳаммаслакаш 500 доллари ИМА маблағ медодааст», - зикр кард судя.

Шуҳрат Аҳроров гуфт, дар ҷараёни мурофиаи судӣ ва то замони ҳукми қонунӣ гирифтани ҳалномаи суд ба зани 30-сола тарк кардани маҳалли сукунат манъ шудааст, зеро се нафар фарзандони ноболиғи аз 5 то 8-соларо ӯ яккаву танҳо тарбия мекунад.

«Суд дархост кард, ки кӯдакони занони маҳкумшуда то аз зиндон озод шудани онҳо ба тарбияи модаронашон дода шаванд», - афзуд Аҳроров.

Ҳалномаи суд ҳоло ҳукми қонунӣ нагирифта, дар муддати 10 рӯз маҳкумшудагон метавонанд аз болои он шикоят баранд.