Дар Душанбе ба гумони даст доштан дар куштори ҳамсари хоҳари президент - директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафаров ду нафар боздошт шуданд.

Бино ба маълумоти радиои «Озодӣ», инҳо бародарон Тоҳир ва Фозил Ҳакимовҳо мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре як манбаъ ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабар дод, яке аз боздоштшудагон хеши наздик (язна)-и раиси Комиссияи тафтишотии ҲНИТ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад будааст.

Ёдрас мекунем, ки Холмӯъмин Сафарови 57-сола рӯзи 13-уми июни соли равон каме дуртар аз манзили зисташ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрванди Тоҷикистон Д.К. дастгир шудааст. Ахири моҳи июл таппончае, ки аз он Х.Сафаров ба қатл расонида шуда буд, дарёфт гардид. ВКД бинобар сабаби ба ҷараёни тафтишот халал ворид насохтан, аз ифшои ному насаби ин боздоштшуда то ҳол худдорӣ мекунад.