Зимни амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Афғонистон ва як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон боздошт шуданд. Ба хотири халал нарасонидан ба ҷараёни тафтишот ному насаби онҳо зикр намегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, зимни боздошт аз онҳо 5 кило маводи мухаддири героин ва 4 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст. «Ҳамчунин ҳангоми кофтукови манзили корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Душанбе боз 5 килои дигар героин дарёфт шуд», - гуфт манбаъ.

Аз КДАМ ҳамчунин иттилоъ доданд, ки рӯзи душанбе дар ҷараёни амалиёти дигари кормандони кумита дар қаламрави фурудгоҳи пойтахт сокини 35-солаи шаҳри Душанбе Муҳаммад Муҳаммадаминов низ бо 1 кило героин боздошт гардидааст. «Ӯ ин миқдор маводи мухаддирро ба шаҳри Маскав интиқол доданӣ буд», - афзуд сарчашмаи хабар.

Зимнан зикр гардид, ки соли равон кормандони КДАМ аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 2 тоннаву 850 кило маводи мухаддирро мусодира намудаанд.