Дар Тоҷикистон парвандаи дуюм нисбати ду нафар кормандони милиса мутобиқи моддаи нави қонунгузории ҷиноӣ «Шиканҷа» мавриди баррасӣ қарор дорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати назорати иҷрои қонун дар мақомоти корҳои дохилӣ ва маводи нашъаовари Прокуратураи генералии ҶТ Муҳаммадризо Халифазода хабар дод, яке аз гумонбароншудагон корманди Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, корманди фаврии шуъбаи кофтукови ҷиноӣ Хусрав Ниёзқулов мебошад. «Тафтиши парвандаи мазкур ба итмом расида, ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба суди шаҳри Хуҷанд ирсол гардид», - гуфт вай.
Бино ба маълумоти тафтишот, моҳи июни соли равон Ниёзқулов ҳамроҳи як корманди дигари милиса ба гумони даст доштан дар паҳнкунии дискҳои дорои филмҳои фаҳш (порнографӣ) шаҳрванди 20-сола М.Ш.-ро боздошт намуда, муддати тамоми рӯз ӯро дар ҳуҷраи кории худ нигоҳ медоранд.
«Бар асари лату кӯб, аз ҷумла бо шишаи пластикии бо об пуршуда, ҷабрдида аз гӯшҳояш ҷароҳат бардошта, гурдааш ҳам осеб мебинад ва ҳамаи инро коршиносони ташхиси судиву тиббӣ ба қайд гирифтаанд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел нисбат ба кормандони милисаи зикршуда мутобиқи моддаи 143, дараҷ. 1 (Шиканҷа)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, гумонбаршудагон таҳти баёноти тарк накардани маҳалли зист қарор доранд ва мурофиаи судиро интизоранд.
Судяи суди шаҳри Хуҷанд Ҷӯрахон Раҳматов, ки баррасии парвандаи мазкур ба дӯши ӯ вогузор шудааст, шарҳи масъаларо қотеъона рад намуд. «Ман дар ин бора чизе гуфта наметавонам», - изҳор дошт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли равон мутобиқи моддаи «Шиканҷа» нисбат ба нозири минтақавии милисаи ноҳияи Ёвон Машраф Алиев ҳукми нахустини 7 соли зиндон содир гардид.
Нақшаи даъвати ҳарбӣ 70% иҷро шуд. “Облава” аз байн рафт?
Дар Суғд куҳансолтарин дарахтонро рӯйхат мекунанд
Тамокукашӣ ва вазни зиёдатӣ: чӣ гуна бо одатҳои бад метавон аз саратон пешгирӣ кард?
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард
“Аз фурудгоҳ ихроҷ карданд, сабабашро нагуфтанд”. Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста