Собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов, ки нисбаташ қаблан суд ҳабси истирдодиро мавриди амал қарор дода буд, аз тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Киев озод карда шуд. Дар ин бора «Интерфакс» бо истинод ба мақомоти прокуратураи вилояти Киев хабар медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, дар прокуратура бобати бо кадом асос озод шудани Абдуллоҷонов иттилоъ надодаанд.
Пештар васоити ахбори умуми Украина хабар дода буданд, ки дархости Тоҷикистон дар бораи истирдоди Абдуллоҷонов қонеъ нахоҳад шуд, зеро зимни санҷиши истирдодӣ муайян карда шудааст, ки Абдуллоҷонов дарвоқеъ ҳам ба мақоми паноҳандаи сиёсӣ дар ИМА соҳиб мебошад.
Ба Абдуллоҷонов соли 1999 дар ИМА мақоми паноҳандаи сиёсӣ доданд. Маҳз бо назардошти ин ҳолат, санаи 28-уми феврал Намояндагии минтақавии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон дар Белорус, Молдова ва Украина аз ҳукуматдорони Украина дархост намуд, ки истирдоди Абдуллоҷонв ба Тоҷикистонро рад созанд.
«Украина муқаррароти Конвенсия дар бораи мақоми гурезагонро риоя мекунад, аз ин рӯ, агар мо ӯро истирдод мекардем, бо ин амал ба нақзи меъёрҳои ин санад, аз ҷумла моддаи 33-и он роҳ медодем. Бинобар он, мо ӯро ба марзҳои Тоҷикистон намефиристем», - менависад «КоммерсантЪ» бо такя ба як манбаъ.
Даҳаи дуюми моҳи марти соли ҷорӣ суди ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев нисбати собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов чораи ҳабси истирдодиро мавриди амал қарор дод.
Акнун пас аз анҷоми санҷиши истирдодӣ дигар дар Украина ба Абдуллоҷонов таъқиб таҳдид намекунад.
Зимни конфронси матбуотии рӯзи 28-уми март роҳбари Дастгоҳи кории Дафтари Интерпол (Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ) дар Украина Василий Неволя изҳор карда буд, ки собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов бо асосҳои қонунӣ боздошт шудааст.
Собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов рӯзи 5-уми феврали соли равон дар фурудгоҳи байнулмилалии «Бориспол»-и шаҳри Киев бо дархости ҳукуматдорони Тоҷикистон боздошт шуд. Рӯзи 7-уми феврал суд оид ба ҳабси муваққатии Абдуллоҷонов ба муҳлати 40 рӯз қарор қабул кард, ки дар ин муддат ҳукуматдорони Тоҷикистон мебоист ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати асоснок будани истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро пешниҳод мекарданд.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста