Дар робита ба ҳодисаи аз тирезаи шуъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккили Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исфара худро ба замин афкандани узви раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Исфара Умедҷон Тоҷиев подполковники ин шуъба дар вилояти Суғд Илҳом Солиев изҳор намуд, ки гуфтаҳои адвокат Файзинисо Воҳидова дар ин хусус ғайривоқеианд ва ин шуъба ба У.Тоҷиев ҳеҷ муносибате надорад.
«Дарвоқеъ ҳам ин шуъба дар ошёнаи сеюми бинои ШВКД ҶТ дар ноҳияи Исафра қарор дорад, аммо Тоҷиев аз тирезаи мо худро ба берун напартофтааст ва мо ҳатто огаҳӣ ҳам надорем, ки ӯ аз кадом ошёна худро афкандааст», - иброз дошт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, майори милисаи ШВКД ҶТ дар шаҳри Исфара Исҳоқ Шаҳобов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки рӯзи 2-юми ноябр Тоҷиев аз ҷониби кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноӣ, воқеъ дар паҳлӯи дигари бино бозпурсӣ шуда, дар баёноташ ба узвияти худ дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистон иқрор шудааст. «Қаблан дар баёноти хаттӣ ҳаммаслаконаш Зуҳур Иброҳимов ва Ғуфрон Шодиев низ инро тасдиқ карда, ӯ илоҷи дигаре надошт ва аз ин рӯ, аз тирезаи ошёнаи сеюм худро ба берун партофт. Ӯ фирор карданӣ буд, вале аз пояш ҷароҳат бардошта, дигар ҳаракат барояш ғайриимкон шуд», - гуфт номбурда.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ , Тоҷиев Умедҷон Исломович, соли таваллудаш 1979, сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, дар таърихи 30 октябри соли 2013 ба Шӯъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне «Итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия ва шахси дигар, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро иҷро менамояд», дастрас ва бо қарори Суди шаҳри Исфара, ба мӯҳлати 10 шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин гардид.




Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста