Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ зимни як амалиёти махсус ба гумони даст доштан дар тайёр кардани пулҳои қалбакии асъори миллӣ – сомонӣ се нафар сокинони вилояти Хатлонро ба ҳабс гирифтанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар дод, аз боздоштшудагон – Тоҳир Болтаеви 27-сола, Бахтиёр Мӯрчаеви 22-сола ва Фаридуни Сангинмуродзодаи 22-сола ба миқдори 17 ҳазору 800 сомонӣ пулҳои қалбакӣ дарёфт ва мусодира шудаанд.

«Онҳо пулҳои қалбакии арзишашон 50, 100 ва 200 сомонӣ тайёр намуда, онро дар қаламрави ноҳияҳои Вахш, Бохтар, Ҷиликӯл ва шаҳри Қӯрғонтеппа истифода мекарданд», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвнадаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.