Тафтиши парванда аз рӯи далели  ҳалок шудани корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт Зевармо Пироваи 54-сола бар асари зери чархи автомашинаи ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фирӯз Холиқзода мондан дар назди меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ»-ро Прокуратураи генералии Тоҷикистон идома медиҳад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз прокуратураи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи далели гунаҳкорӣ дар содир шудани садамаи нақлиёт ва пинҳон шудан аз ҷойи ҳодиса чанде қабл нисбати Фирӯз Холиқзода аз ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз гардида, имрӯз тафтиши ин парвандаро Прокуратураи генералӣ ба уҳда гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти расида ба «Азия-Плюс» аз факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, гунаҳкори садамаи нақлиёт Фирӯз Холиқзодаи 31-сола писари собиқ декани факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ профессор Кароматулло Холиқов мебошад, ки ду сол қабл аз олам даргузашта буд.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодиса субҳи рӯзи якшанбе зимни ба кӯчарӯбӣ машғул будани Зевармо Пирова рух дода, ӯ зери чархи автомашина монд.

Ба қавли Назир Ниёз,  и.в. директори раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес» бо суръати баланд З.Пироваро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад. «Зарба ба ҳадде сахт буд, ки ҷисми занро ба қисматҳо ҷудо намуда, ду нафар ҳамкорони ӯ аз дидани ин ҳодиса беҳуш ва ба Маркази миллии тиббӣ фиристода шуданд», - иброз дошт вай.

«Зевармо 9-уми сентябр синни 54-ро пур карда, чор фарзанд дорад. Ду нафар фарзандонаш ҳоло мактабхонанд ва шавҳараш дар Русия кор мекунад», - афзуд Ниёз.