Суди вилояти Суғд сокини 34-солаи ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилшод Қодировро барои қатли бераҳмонаи посбони 75-солаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати шаҳри Хуҷанд ва ҳамчунин содир намудани боз як қатор ҷиноятҳо ба 26 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» муовини раиси суди вилоят, ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Шералӣ Сафарзода хабар дод, маҳкумшуда тибқи маслиҳати пешакӣ бо ҳаммаслакони худ, ки аллакай маҳкум шудаанд, шоми рӯзи 28 октябри соли 2008 назди корхонаи «Агрофуд» дар Хуҷанд ҷамъ шуда, посбонро лату кӯб ва ба дохили бинои корхона даромада, сейфро бо худ мегиранд, ки дар дохилаш 478 сомонӣ маблағ будааст.
«16 ноябри соли 2008 онҳо дуздии сейф аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсатро тарҳрезӣ намуда, нимашаб бо автомашинаи «Мерседес» назди бинои донишгоҳ меоянд. Сипас вориди он шуда, посбони он Алибой Собирови 75-соларо то марг лату кӯб мекунанд, вале барои бо худ бурдани сейфи оҳанин зӯрашон нарасида, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд», - гуфт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки маҳкумшуда Дилшод Қодиров тамоми ин муддат мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт ва ӯро танҳо моҳи ноябри соли 2015 дар Русия боздошт намуданд. Ҳаммаслакони ӯ низ аллакай маҳкум шуда, адои ҷазо мекунанд.



