Ба содир кардани амали террористӣ назди сафоратхонаи Чин дар Бишкек афроде даст доранд, ки зодагони Русия, Тоҷикистон ва Чин мебошанд. Дар ин бора рӯзи 13 сентябр муовини аввали директори Хадамоти федералии амнияти Русия Сергей Смирнов ба ВАО хабар дод.
“Тадбирҳои ошкор сохтани шахсоне, ки ба амали террористӣ дар шаҳри Бишкек алоқамандӣ доранд, дар ҳамоҳангӣ бо хадамоти махсуси Созмони ҳамкории Шанхай идома дорад”, - иттилоъ медиҳад “Известия” бо истинод ба Смирнов.
Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 30 август назди сафоратхонаи Чин дар Қирғизистон таркиши шадиде рух дода, бар асари он як нафар ҳалок ва се посбони намояндагии дипломатӣ ҷароҳат бардоштанд. Ин таркиш амали терористӣ унвон шуд.
Баъдан КДАМ Қирғизистон иттилоъ дод, ки ҷангии маргталаб, ки назди сафоратхонаи Чин дар Бишкек ба амали террористӣ даст зада буд, ба номи шаҳрванди Тоҷикистон Зоир Халилов шиноснома доштааст.
Дар посух ВКД Тоҷикистон изҳор намуд, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки шиносномаашон ҳангоми содир шудани амали террористӣ назди сафоратхонаи Чин дар Бишкек истифода шудааст, айни замон дар Сурияқарор дошта, дар сафҳои Давлати исломӣ (ДИ) меҷанганд.



