Шаш тан аз сокинони шаҳр ва вилояти Маскав барои ҳамлаҳо ба муҳоҷирон дар электричкаҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан дар доираи ба истилоҳ аксияи «вагони сафед» (белый вагон) ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум шуданд.
Бино ба иттилои сомонаи Кумитаи тафтишоти Русия, бар асари ин амалҳои маҳкумшудагон се нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, як нафар ҳалок шудааст.
Гуфта мешавад, замони содир шудани ҷиноятҳо ҳамаи маҳкумшудагон ноболиғ буда, онҳо ба аз 4,5 соли адои ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии тарбиявӣ ва то 2 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳадаф аз аксияи «вагони сафед» лату кӯби афроди симояшон ғайриславянӣ дар вагонҳои қатораҳои байнишаҳрӣ ва истгоҳҳои роҳи оҳани шаҳру вилояти Маскав, яъне содир кардани амалҳои зӯроварона нисбати намояндагони миллатҳои симояшон ғайриславянӣ ва гурӯҳҳои ҷудокарда аз рӯи аломатҳои миллӣ мебошад.



