Дар барномаи навбатии «Ахбори ВКД-Сипар» доир ба ҳолатҳои куштори собиқ раиси парлумон Сафаралӣ Кенҷаев моҳи марти соли 1999 гузорише намоиш дода шуд. Гумонбаршудагон мегӯянд, ин кушторро ба онҳо Ҳоҷӣ Ҳалим ба ивази пардохти маблағ фармоиш додааст.

Дар барнома ҳамчунин дар бораи гурӯҳи ҷиноятпешаи Мулло Абдулло низ маълумот дода мешавад. Аъзои гурӯҳ дар бораи тирборон кардани автобус, ки бар асари он 7 нафар ҳалок шуда буданд ва ҳамлаи мусаллаҳона ба автомашинаҳои ҳарбиён, ки бар асари он 22-23 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ҷон бохта буданд, ҳикоят мекунанд.