Дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати муассиси ширкати таъмини сӯзившории «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев ва директори ширкат Идибек Ибрагимов, ки нимаи моҳи октябри соли гузашта оғоз гардида буд, мансабдорони Вазораи молияи Тоҷикистон бозпурсӣ мешаванд.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар посух ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс» муовини роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Илёс Идрисзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни тафтишот дар воҳидҳои дахлдори Вазорати молия якчанд тафтишҳо гузаронида шуда, боз санҷишҳои минбаъда низ дар назар аст. Ӯ аз номбар кардани ному насаби мансабдорони дар Агентӣ бозпурсишуда худдорӣ намуд.
Дар ҳамин ҳол, муовини аввали роҳбари Агентии зиддифасод Абдукарим Зарифзода дар мавриди ин масъала ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс» посух дод, ки айни замон аз ҳабс озод кардани Одинаев ва Ибрагимов ғайриимкон аст.
«Онҳо ба баргардонидани қарз ба Вазорати молия дар ҳаҷми 171 млн. сомонӣ ҳанӯз охири соли 2015 уҳдадор шуда буданд, лекин то имрӯз қарз баргардонида нашудааст», - қайд кард Зарифзода.
Ӯ таъкид дошт, ки айни замон 69 иншооти мутааллиқ ба ширкати «Умед-88» ба фурӯш гузошта шудааст.
«Ҳам роҳбарони дар ҳабс қарордоштаи ширкат ва ҳам хешовандони онҳо қарз ба маблағи 171 млн. сомониро ба давлат баргардонида метавонанд, ҳеҷ касе барои ин ба онҳо монеъа эҷод накардааст», - илова кард Зарифзода.
Қобили зикр аст, ки тафтиши парванда нисбати ширкати «Умед-88» 4 моҳ боз идома дорад. Раҳбарияти ширкат ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва дуздии қарзи давлатӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд гунаҳкор дониста мешаванд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
“Вазъи молиявӣ барои ғолибият таъсир намерасонад!”. Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаи намунавӣ” идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста