Додгоҳи шаҳри Маскав шаш шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми талоши бомбагузорӣ дар мусофирбари хурд ё "маршрутка ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, додгоҳи низомии Маскав рӯзи 22-юми феврал ба ин гурӯҳ аз 12 то 18 соли зиндонро раво дид.

Гуфта мешавад, онҳо ба талоши ташкили террор, узвият дар гурӯҳи террористӣ ва нигаҳдории маводи тарканда муттаҳам буданд.

Зимнан зикр мегардад, ки чаҳор нафари ин гурӯҳ ба гуноҳи худ иқрор шуда, ду нафари дигар гуфтанд, ки гуноҳ надоранд.

Қайд мешавад, ки ба иддаои муфаттишон, соли 2016 айбдоршавандаҳо мехостанд ба як мусофирбар дар минтақаи Любертсии канораҳои Маскав бомба гузоранд.

Тафтишгарон ҳамчунин иддао карданд, ки айбдоршавандаҳо ҳаводори гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" буданд ва мехостанд, баъди ҳамлаи автобус ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шаванд.