Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтиши парвандаи куштори Моҳира Ятимоваи 33-соларо ба итмом расонида, онро ба баррасии суди шаҳри Душанбе фиристод.

Дар содир намудани ҷиноят собиқ шавҳари марҳум Бобоҷон Ширинов айбдор дониста мешавад, ки нисбаташ мутобиқи моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Аҳлиддин Ятимов, падари Моҳираи кушташуда ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки санаи оғози мурофиаи судӣ алҳол маълум нест. Бобоҷон Ширинов айни замон дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Душанбе қарор дорад.

“Набераҳоям, фарзандони Моҳира ҳозир назди бобои дигарашон – Раҷбалӣ Ширинов қарор доранд, гоҳ-гоҳ онҳоро мебинем”, - гуфт Аҳлиддин Ятимов.

Бобоҷон Ширинови 33-сола, собиқ котиби Суди олии иқтисодии Тоҷикистон шоми рӯзи 6 июн ба гумони даст доштан дар қатли собиқ ҳамсараш Моҳира Ятимова боздошт шуд. Бобоҷон Ширинов бо исрори падараш - Раҷабалӣ Ширинов ба шуъбаи милитсия омада, баёнот медиҳад, ки ҳангоми муноқиша ба собиқ ҳамсараш Моҳира Ятимов ба ӯ бо корд зарба задааст.

Бобоҷон Ширинов ва Моҳира Ятимова соли 2007 издивоҷ намуда, ду сол пеш аз ҳам ҷудо шуданд. Ҳарду соли 2007 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиро хатм кардаанд. Миёни ҳамсарон мудом барои кӯдакону амвол муноқиша сар мезад. Ду нафар кӯдакон бо падар ва як нафарашон бо модар зиндагӣ мекарданд.

Бобоҷон Ширинов писари генерал Раҷабалӣ Ширинов, собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мебошад. То таъинот ба мансаби муовини роҳбари Агентии зиддифасод Раҷабалӣ Ширинов солҳои тӯлонӣ мақомоти Пулиси андози Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.