Суди олии Тоҷикистон шикояти таҷдиди назари Бобоҷон Шириновро, ки ҳамсарашро бо бераҳмии махсус ба қатл расонид, аз болои ҳукми суди шаҳри Душанбе бетағйир боқӣ гузошт.
Тавре ба “Азия-Плюс” пайвандону наздикони марҳум Ятимоваи кушташуда хабар доданд, суд шикояти Бобоҷон Шириновро рад намудааст.
Санаи 1 ноябри соли равон Суди шаҳри Душанбе Бобоҷон Шириновро, ки тобистони ҳамин сол собиқ ҳамсари худ Моҳира Ятимоваро бераҳмона кушта буд, ба 18 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ ба Бобоҷон Ширинов таъини ҷазои 20 соли зиндонро дархост намуда буд.
Ширинов ва адвокати ӯ дар шикояти худ, ки ба ҳайати мушовара (коллегия) оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди олии ҷумҳурӣ фиристода шуд, ҳукми суди шаҳри Душанберо сахту вазнин ва беадолатона шуморидаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти судии Тоҷикистон.
Зимни сухани охирини худ дар мурофиа Ширинов аз суд дархост намуда буд, ки дар ҳолати бехудона (аффект) содир кардани ҷиноят ба инобат гирифта шавад. Дар ҷараёни тафтишот айбдоршаванда пурра ба гуноҳи худ иқрор шуда, лекин дар мурофиаи судӣ бо ишораи аз хотир баровардани баъзе ҳолатҳо, худро қисман гунаҳкор шуморид, ҳарчанд ташхиси пеш аз суд ӯро пурра солим дониста буд.
Бобоҷон Ширинови 33-сола, собиқ котиби Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, писари генерал Раҷабалӣ Ширинов, собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, моҳи июни соли гузашта ба гумони даст доштан дар куштори ҳамсараш боздошт шуд.
Шоми рӯзи 6 июн зимни муноқишаи рухдода Ширинов ба ҳамсараш дарафтода, бо корд ба ӯ чанд зарба зад. Дар натиҷа ҳамсараш Моҳира Ятимова ҷароҳат бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расид. Сабаби муноқиша байни ҳамсарони соли 2016 аз ҳамдигар ҷудошуда тақсими амвол ва кӯдакон унвон мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста