Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Тоҷикистон аризаи маҳкумшуда – шаҳрванди Тоҷикистон Сайид Қиёмиддини Ғозиро баррасӣ карда, муҳлати ҷазои ӯро аз 25 сол ба 7 сол кам кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Суди Олии ҷумҳурӣ, қарори мазкур бинобар сидқан пушаймон шудани Сайид Қиёмиддини Ғозӣ аз кирдорҳои содирнамудаи худ, мусоидат дар ошкор сохтани як қатор ҷиноятҳои вазнин ва фош кардани ашхоси ба ин ҷиноятҳо алоқаманд қабул гардида, ҳукми суди шаҳри Душанбе дар қисми таъини ҷазо тағйир дода шуд.

Ёдрас мешавад, ки Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, маъмул бо тахаллуси «Эшони Қиёмиддин», соли таваллудаш 1952, зодаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, яке аз муассисони ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 15 майи соли 2018 барои содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳои дорои характери экстремистӣ (ифротгароӣ) гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд.

Қиёмиддин Ғозиев ё худ Эшони Саид Қиёмиддини Ғозӣ солҳои 90-уми асри гузашта яке аз рӯҳониёни маъруф ва суханварони тавонои майдони «Шаҳидон» буд. Мардум ба ӯ унвони ғайрирасмии «генерали мардумӣ» ҳам дода буданд.

Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Саид Қиёмиддини Ғозӣ ба Афғонистон рафта, бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ҳамкорӣ дошт. Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1997 ба кишвар баргашта, узви яке аз зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ буд. Барои хизматҳояш дар амалисозии Созишномаи зикршуда бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.