Сокини шаҳри Душанбе, зани 33-сола тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе муроҷиат карда, дархост намуд, ки як ҷавони ӯро назди ҳамагон дар кӯҷа таҳқиркарда ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, зан гуфтааст, ҳодиса дар маҳаллаи 46-уми пойтахт рух додааст. Ӯ ҳамчунин суратҳои ҷавони бадахлоқро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошт.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсат вобаста ба ин муроҷиат ва акси нашршуда донишҷӯи бахши 6-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Хумайнӣ Маҳмадҷоновро боздошт намуданд.


“Зимни пурсиш боздоштшуда иброз дошт, ки дар ҳақиқат санаи 27-уми феврали соли ҷорӣ бо ҳамроҳии ҳамкурсонаш дар кӯчаи Н.Қарабоев ҳангоми убури роҳ нисбати ҷавонзане, ки роҳро убур мекард таҳқиру дашномҳои қабеҳ дода, шаъну шарафи ӯро дар назди дигар шаҳрвандон паст задааст, ки ин ҳангоми мурофиаи судӣ ва пурсиши шоҳидон тасдиқи худро ёфтанд”, - омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки бо қарори суди ноҳияи Фирдавсӣ табиби оянда барои майдаавбошӣ ба маблағи 385 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.