Маблағгузорони эҳтимолии ислоҳоти ВКД-и Тоҷикистон бо намунаи либосҳои нави политсияи тоҷик шинос шуданд.

12 март дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гуруҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия баргузор гардид.

Ба ҷаласаи мазкур роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Барномаи рушди СММ, Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Сафирони Сафоратхонаҳои ИМА, Россия, Олмон, Фаронса, Англия, Хитой, Ҷопон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Қатар ва намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалию ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коршиносон даъват шудаанд.

Ба ҳозирин намунаи либосҳои нави политсияи тоҷик муаррифӣ карда шуд.

Намунаи либосҳои нав
Сурат: аз маркази матбуоти ВКД

Дар ҳамин ҳол, қаблан як манбаъ аз ВКД ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки мавзӯи аслии ҷаласаи мазкур пайдо кардани маблағгузор барои табдили номи милитсия ба политсия аст.

“Маблағе, ки имрӯз аз буҷа барои табдили номи милитсия ба политсия, омода кардани либос барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҷудо шудааст, кофӣ нест. Интизор меравад, ки дар анҷоми ҷаласаи мазкур маблағгузор пайдо мешавад”,-гуфт манбаъ.

Ба қавли ӯ намунаи либосҳои нав барои кормандони милитсия омода аст, аммо барои истеҳсоли зиёди он маблағ кофӣ нест.

Пас аз омода шудани либоси нав бо навиштаҷоти “Политсия” ба ҷойи “Милитсия” пеш аз ҳама кормандони Хадамоти посбонию пайраҳадорӣ (ХПП), БДА ва нозирони минтақавӣ бо он таъмин карда мешаванд.

Тирамоҳи соли гузашта ВКД барои таҳияи тарҳи либоси нав ва нишонаҳои фарқкунандаи он озмун эълон карда буд.

Гуфта мешуд, ки ҳангоми таҳияи тарҳ ва унсурҳои либоси нав бояд шароити Тоҷикистон ба инобат гирифта шавад. Либоси кормандони БДА бояд ҷузъҳои инъикоскунандаи рӯшанӣ дошта бошанд.

“Либоси нав бояд боиси ифтихор ва эҳтироми на фақат кормандони милитсия, балки шаҳрвандони одӣ низ бошад”,- гуфта мешуд он замон.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.