Бо фармони муштараки прокуророни генералии Тоҷикистону Қирғизистон гурӯҳи муттаҳидаи тафтишотӣ оид ба санҷиши муноқишаи моҳи март дар сарҳади ҳарду кишвар таъсис дода шуд.
Таре ба “Азия-Плюс” дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар доданд, назди ин гуруҳ вазифа гузошта шудааст, ки сабабҳо ва гунаҳкорони сар задани муноқишаро муайян намоянд.
“Ғайр аз ин, ошкор намудани гунаҳкорон ба марги шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳамчунин афроди дастдошта ба захмӣ кардану ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони ҳарду кишвар низ ба дӯши ин гурӯҳ вогузор шудааст”, - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки ҳайати гурӯҳ аз кормандони соҳибтаҷрибаи мақомоти прокуратураи Тоҷикистону Қирғизистон иборат буда, натиҷаҳои кор ва хулосаҳо доир ба ҷараёни тафтиш бевосита ба прокуророни генералӣ пешниҳод мегарданд.
Ёдрас мекунем, ки муноқишаи охир дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 13-14 март сурат гирифта, бар асари он 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва беш аз 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Чанде аз шаҳрвандони Қирғизистон низ захмӣ шуданд.
Пас аз гуфтушунидҳои панҷрӯза бо иштироки муовинони сарвазирони кишварҳо аз замони оғози муноқиша, вазъ дар сарҳад ба эътидол оварда шуд.
Дар доираи созишномаи баимзорасида аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ба корҳо оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади байни давлатҳо бар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ аз соли 2014 суръат мебахшанд.
Мувофиқи созишномаи соли 2014 баимзорасида, сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ, ки бидуни убури қаламрав аст, идома ёфта, лекин он танҳо барои ба дигар макон кӯчонидани чорво истифода хоҳад шуд. Байни деҳаҳои Ворух ва Хоҷаи Аъло бидуни убури қаламрави деҳаи Оқсой роҳи нави автомобилгарди асфалтпӯш сохта мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста