Додгоҳҳои шаҳри Маскав рӯзи 2 август чор нафарро дар чорчӯби парвандаи бетартибиҳои оммавӣ дар ҷараёни эътирозҳои рӯзи 27 июл ба ҳабс гирифтанд.

Бинои ба иттилои сомонаи расонаи мустақили “Ахбор”, дар байни ҳабсшудаҳо як зодаи Тоҷикистон Самариддин Раҷабов низ ҳаст. Ин ҷавони 21-солаи тоҷик, ки бо тахаллуси MarDD таронаҳои рэп мехонад, дар рӯзи эътирозҳо боздошт шуда, рӯзи 29 июл ба 10 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд, вале додгоҳи ноҳияи Пресня ӯро акнун то 27 сентябр ба ҳабс гирифт.

Тафтишот гуфтааст, Самариддин Раҷабов дар ҷараёни эътирозҳо ба сӯи афсари Росгвардия зарфи обро партофтаааст ва он зарф ба гардани афсари пулис бархӯрдааст. Худи Раҷабов дар додгоҳ ин иттиҳомро рад кард ва гуфт, рӯзи 27 июл дар маркази Маскав дар як харак нишаста буд ва дар ягон эътироз иштирок надошт.

Гуфта мешавад, мақомот ӯро ба он айбдор мекунанд, ки рӯзи шанбеи 27 июл, дар ҷараёни эътирозҳои бидуни иҷозат бо талаби ба интихоботи Думаи шаҳри Маскав роҳ додани номзадҳои мухолифин, ин ҷавони тоҷик ба тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ зарфи пур аз обро ҳаво додааст ва ин зарф ба гардани як афсари Росгвардия бархӯрдааст.

Зимнан зикр мегрдад, ки аммо хабарнигори РАПСИ аз толори додгоҳ хабар дод, ки MarDD дар ҷараёни мурофиа ин иттиҳомро рад кард ва гуфт, дар ягон эътироз иштирок надошт ва рӯзи 27 июл вақте дастгир шуд, ки дар маркази Маскав дар як харак оромона нишаста буд ва ягон кори ғайриқонунӣ накарда буд.