Кормандони милитсия зимни баргузор намудани чорабиниҳои фаврии ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар расонидани зарари молӣ ба воситаи фиреб ё суистифода аз боварӣ марди 55-солаи сокини кӯчаи Туниси пойтахтро боздошт намуданд.

“Номбурда аз моҳи апрели соли 2019 ба ҶДММ “Джонг Фу” дар шаҳри Ваҳдат маълумотҳои бардурӯғ ворид намуда, ба миқдори 9 млн. 489 ҳазору 832 кВт/соат қувваи барқи истифодашударо барои пардохт намудан, пешниҳод накардааст, ки дар натиҷа ин миқдор қувваи барқ аз ҳисоб берун ва пинҳонӣ монда, ба давлат ба маблағи 6 млн. 158 ҳазору 017 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далел нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 253 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи  фиреб ё суистифодаи боварӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар ин модда аз се то панҷ соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.