Барои таваққуфи нақлиёт дар ҷойҳои муқаррарнашудаи пойтахт 6 ронанда ҷарима карда шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, чанде аз шаҳрвандон аксҳои қоидавайронкунии ронандагонеро, ки автомашинаҳои худро дар ҷойҳои муқаррарнашудаи роҳ таваққуф кардаанд, ба суроғаҳои электронии Раёсат фиристодаанд.

Муроҷиатҳои воридшуда аз ҷониби Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардида, якчанд нафар ронандагони воситаҳои нақлиёт мавриди санҷиш ва чораҷӯии нозирони роҳ қарор гирифтанд.

Дар натиҷа тасдиқ шуд, ки ронандагони зерин ба таври ғайриқонунӣ воситаҳои нақлиёти худро дар роҳи пиёдагузар, таваққуфгоҳ ва дигар ҷойҳои муқаррарнашуда нигоҳ дошта, ба ҳаракати шаҳрвандон ва дигар воситаҳои нақлиёт халал ворид кардаанд. Нисбат ба ин ронандагон тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ҷарима пардохтанд.

1/6

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба чунин қоидавайронкуниҳо аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан тавассути суроғаҳои электронӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Почтаи электронӣ: [email protected]
Саҳифаи расмӣ дар Facebook: “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе”
Телефони боварӣ: (+99237) 221-15-00

Гуфта мешавад, ки муроҷиат ва дархостҳои шаҳрвандон мавриди баррасӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи масъулин қарор гирифта, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва амалӣ гардонидани дархостҳои сокинон чораҳои таъхирнопазир роҳандозӣ хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.