Як марди 39-сола дар ноҳияи Балхӣ бо гумони дуздии 250 метр қубурҳои обгузари оҳанин, ки 51 ҳазор сомонӣ арзиш доранд, дастгир шудааст.

ВКД иттилоъ медиҳад, ки аз ҷониби марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур ариза ворид гардидааст, ки аввалҳои моҳи октябри соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз канори ҷамоати шаҳраки Балхӣ қубурҳои обгузари оҳанини андозаи Д-500, ки арзишашон 51000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ марди 39-солаи сокини деҳаи “Замини нав”-ро бо гумони дуздӣ дастгир карда, далелҳои шайъиро қисман гирифтаанд.

Инчунин ба ШВКД-1 дар шаҳри Исфара аризаи зани 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Кулқанд ворид шудааст, ки аввалҳои моҳи июни соли ҷорӣ шахсони номаълум ба мағозаи хӯроквории , ин соҳибкори инфиродӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Кулқанд даромада, аз он 1 адад телефони мобилии тамғаи “Хонор”, арзишаш 1350 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ кормандони милитсия марди 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Кулқандро ҳамчун гумонбари ҷинояти дуздӣ дастгир карданд.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.