Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов хабар дод, ки дар минтақаи шимоли кишвар 540 нафар шахсони ба ҷиноятҳои ифротгароӣ ва террористӣ дастдошта аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд.
Ҳабибулло Воҳидов қайд кард, ки Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” дар вилояти Суғд нисбат ба 2010 нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон, маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ ва маҳбусони дар сукунат қарордошта мавриди амал қарор дода шуд.
“540 нафар шахсони ба ҷиноятҳои ифротгароӣ ва террористӣ дастдошта аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд. Аз ҷумла, 359 нафари онҳо ба иштирок дар созмонҳое, ки фаъолияташон манъ аст, гунаҳкор шуда буданд. Парвандаи боз 181 нафар дар марҳилаи тафтишу бозрасӣ қарор дошт”, - гуфт прокурор.
Ба гуфтаи ӯ, таҳлили парвандаҳо нисбат ба шахсоне, ки барои ҷиноятҳои ифротгароӣ ва терроризм маҳкум шудаанд, нишон медиҳад, бархе аз онҳо дар зиндонҳо низ ба амали ҷинояткоронаашон идома дода, дигаронро ба сафи ташкилотҳои ифротгаро ҷалб месозанд ва “Амир”-и худро интихоб карда, “Байъат” мекунанду кормандони муассисаро мекушанд.
“Вазифаи авввалдараҷа таъмини шахсони авфшуда бо ҷойҳои корӣ буда, назорати онҳо бар дӯши кормандони милитсия вогузор аст”, - иброз дошт Воҳидов ва қайд кард, ки бо терроризму ифротгароӣ муборизаи дастаҷамъона зарур аст.
Қаблан зикр гардида буд, ки аз рӯйи натиҷаҳои нимсолаи аввали 2019 дар қаламрави вилояти Суғд 395 ҷинояти марбут ба ифротгароӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.