Ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми даст доштан ба даъвати “амалисозии фаъолияти террористӣ бо истифода аз интернет” ба муҳлати ду моҳ дар боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) ҳабс карданд.

Тавре хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, рӯзи 22-юми ноябр додгоҳи ноҳияи Таганскийи шаҳри Маскав чунин қарор баровардааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон Нозим Азимов ва Ӯктамҷон Раҷабматов то 20-уми январи соли 2020 дар ҳабс қарор хоҳанд дошт.

Нисбат ба онҳо мутобиқи моддаи 205.2 КҶ Русия (Даъватҳои оммавӣ ба амалисозии фаъолияти террористӣ, сафедкунӣ (ҷонибдорӣ)-и терроризм ё таблиғи терроризм бо истифода аз шабакаи интернет) айбнома пешниҳод шудааст. Парванда дар истеҳсолоти Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Маскав қарор дорад.

Агар чанд сол пеш муҳоҷирон аз Тоҷикистон асосан барои ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар зиндонӣ мешуданд, шурӯъ аз соли 2013 дар расонаҳои Русия хабарҳо оид ба ҳабси шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳомоти ҳаросафканӣ ё ифротгароӣ нашр мешаванд.

Тавре хабаргузории “Фарғона” иттилоъ медиҳад, ба аввали соли 2019 беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои ислоҳии қаламрави Русия қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.