Дар доираи амалиёти “Корд” дар Душанбе барои нигаҳдорӣ ва бо худ доштани силоҳи сард 14 нафар ҷавонон боздошт шуданд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, амалиёти “Корд” бо мақсади аз аҳолӣ, бахусус, ҷавонон мусодира кардани силоҳи сард, аз қабили таппончаи газӣ, кастету корд ва дастчӯби оҳанину дигар ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашаванда ҷараён дорад.

Гуфта мешавад, дар рафти амалиёт тайи ду рӯзи охир 8 адад корд, 2 адад кастет ва 1 ададӣ таппончаи газӣ ва дастчӯби оҳанин дарёфту мусодира карда шуданд.

“Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шуд, чораҳои таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла, нисбат ба 5 нафар ҳабси маъмурӣ аз 5 то 7 шабонарӯзӣ татбиқ карда шуд”, - қайд мешавад дар маълумоти дафтари матбуоти РВКД-и пойтахт.

Зикр мешавад, ки амалиёти мазкур дар ҳудуди пойтахт идома дошта, милитсияи шаҳри Душанбе то пурра решакан намудани ин падидаи номатлуб дар ҷомеа мубориза мебарад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.