Моҳи июли соли 2019 аз Туркия ба Тоҷикистон ба сурати умум дар ҳаҷми 20 ҳазор долларҳои қалбакӣ оварда шудаанд.

Тавре маркази матбуоти суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар медиҳад, онҳоро сокини 29-солаи шаҳри Турсунзода Абдулазиз Шукуров ба Тоҷикистон оварда, ҷиҳати ба муомилот баровардани онҳо сокини 38-солаи шаҳри Душанбе Мурод Қаюмов ба ӯ кумак кардааст.

Ба иттилои манбаъ, онҳо ба иваз кардани нисфи пулҳои қалбакӣ фурсат ёфтаанд. Моҳи август дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ қариб 10 ҳазор доллари қалбакӣ ба сомонӣ иваз карда шудааст.

Тибқи маълумоти суд, то рӯзи содир шудани ҳукм, 18-уми январ  кормандони милитсия ҳамагӣ 1,7 ҳазор долларҳои қалбакиро дарёфту мусодира кардаанд. Маблағи боқимонда алҳол дарёфт нашудааст.

Бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ин ду нафар дар содир кардани ҷиноят мутобиқи моддаи 281 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Тайёр кардан ё ба муомилот  баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ (сохта) гунаҳкор эътироф гардида, ҳар кадоме ба 8 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуданд.

Ҳамчунин нисбат ба онҳо меъёрҳои қонуни моҳи октябри соли 2019 қабулшуда “Дар бораи авф” татбиқ гардида, муҳлати ҷазо сеяки ҳисса кам шуд, яъне ҳар кадом 2,5 сол адои ҷазо мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.