Ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар Литва ба гумони интиқоли мошинҳои рабудашуда боздошт карданд.

Тавре мақомоти пулиси шаҳри Мариямполе хабар медиҳад, ба яке аз дастгиршудагон суд ҷазои ҳабс таъин кардааст.

“Ҳамагӣ дар муддати якчанд рӯз 86 мошин бо рақамҳои шубҳаноки қалбакии ташхисотӣ ва шояд як автомашинаи дуздидашуда ошкор шуд. Ду гумонбар – шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд. Ба яке аз онҳо додгоҳ ҷазои ҳабс таъин кард. Дар ҷараёни кофтуков 70 адад шаҳодатномаи шояд қалбакӣ дар бораи бақайдгирии мошинҳои гуногун ва дигар маълумоти тасдиқкунандаи содиршавии ҷиноят дарёфт шуд”, - хабар додааст саҳифаи пулиси Мариямполе дар Facebook.

Тибқи маълумоти пешакии мақомоти пулис, ин мошинҳоро ба Тоҷикистон интиқол доданӣ будаанд.

1/3

Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Литва, нуқтаи ниҳоии аксари мошинҳои рабудашуда Тоҷикистон мебошад. Тибқи маълуомти ВАО-и хориҷӣ, Тоҷикистон ҳарчи бештар макони ҷолиб барои дуздони мошинҳост, чунки дар ин ҷо зерсохтори санҷиши қонунӣ будани чунин воситаҳои нақлиёт вуҷуд надорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.