Кормандони пулиси шаҳри Хуҷанд ду устои нақлиётро барои рабудани автомашинаи мизоҷи доимии худ боздошт кардаанд

Бино ба иттилои ВКД, дар шаҳри Хуҷанд, баъди 4 рӯзи дуздида шудани сабукрави тамғаи «Мерседес-Бенс» аломати қайди давлатиаш tj 5050 СК02, ки ба шаҳрванд Саидбаҳоваддин Исомаддинов сокини шаҳри Хуҷанд таалуқ дошт, пайдо ва ба соҳибаш баргардонида шуд.

Гуфта мешавад, ки дар дуздии ин автомашина ду устои нақлиёт шаҳрвандон Абдуғаффор Баротов  соли таваллудаш 1984 ва Аъзам Шарипов соли таваллудаш 1994 истиқоматкунандагони шаҳри Хуҷанд гумонбар дониста мешаванд, ки соҳиби нақлиёт мизоҷи доимии онҳо будааст.

Соҳибмулк  автомашинаи худро барои таъмир кардан ба устоҳо пешниҳод менамояд ва гумонбаршудаҳо Баротов ва Шарипов бо маслиҳати пешакӣ қисми техникии ба ҳаракатдарорандаи сабукравро, ки маъмулан онро «зажиганӣ» мегӯянд, канда калидро нусхабардорӣ мекунанд.

"Баъди ин амалашон ҳолати аввалааи автомашинаро барқарор карда, баъди таъмир ба дасти соҳибаш супорида дар пайи тасарруфи нақлиёт мешаванд ва ба мақсад ҳам мерасанд. Яъне суроғаи мизоҷро пайдо намуда аз саҳни манзили истиқоматиаш, баландошёнаи №39-и маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд барои дар оянда ба қисмҳо ҷудо карда фурӯхтан, сабукравро тасарруф кардаанд”.

Манбаъ мегӯяд, нақлиёти мазкур 72 ҳазор сомонӣ арзиш дошта, шоми 3-юм ба 4-уми ноябр дар ҳудуди маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд тасарруф карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.