Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) 20-уми январ аз Тоҷикистон хостааст, ки  Дониёр Набиев-и 80-соларо аз зиндон озод кунад. Дидбони Ҳуқуқи Башар дар як изҳорот аз вазъи саломатии Набиев, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Бобои Дона маъруф шуд, изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ аз қавли ин созмон гузориш медиҳад.

Дониёр Набиевро моҳи августи соли гузашта дастгир ва рӯзи 28-уми декабри соли гузашта дар ҷаласаи додгоҳии махфи ба ҳафт сол зиндон маҳкум карданд.

Пайвандонаш гуфтанд, ӯ бемори сил аст ва вазъаш дар зиндон бад шудааст. Онҳо низ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостаанд, иҷоза бидиҳад, ки ӯ дар берун аз зиндон ҳукмашро адо кунад.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар изҳороте рӯзи чаҳоршанбе гуфт, "Дониёр Набиевро барои хайрхоҳӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд. Ӯ танҳо дар талоши он буд, ки ба шахсони муҳтоҷ мадад кунад."

Ба навиштаи созмон, ӯ тайи чанд сол ҳар моҳ аз 15 то 30 доллар ҳаққи бознишастагиашро ба наздикони муҳтоҷи аъзои зиндонии ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ додааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8-уми январи имсол гуфт, узви собиқи Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ бо гуноҳи ифротгароӣ ва кумаки молӣ ба ҷангҷӯёни тоҷик ба зиндон маҳкум шудааст.

Масъулони вазорат гуфтанд, сокини деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ "пули хадамоти махсуси баъзе аз кишварҳоро гирифта, онҳоро барои паҳн кардани ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард", аммо аз ҳеч кишваре ном набурда ва далелу санадеро ҳам нишон надодааст.

Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар баёнияе гуфт, ҳама иттиҳомот "сиёсӣ ва маҳз барои бадном кардани як пирамарди бегуноҳ аст."

Дидбони Ҳуқуқи Башар Дониёр Набиевро "қурбонии силсилаи боздошт ва маҳкумиятҳо бо ангезаҳои сиёсӣ" номида ва афзудааст, "қазияи ӯ нишон медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон аз саркӯби мухолифони худ даст бардоштанӣ нестанд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.