Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, ки масъали нархи хидмати аксарии алтернативӣ дар Тоҷикистон то кунун ниҳоӣ нашудааст. Аз ин ниҳод ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки моҳи март ин мавзуъро ниҳоӣ мекунанд ва барои расонаҳо як нишасти матбуотии хос доир мекунанд.
Аммо як манбаъ аз бахши низомии ҳукумати Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» гуфт, ки дар ҳоли ҳозир танҳо як гузинаи ҳаҷми маблағ барои хидматчиёни эҳтиётӣ баҳс мешавад, ки 25 ҳазор сомонӣ аст.
"Вале ин маблағ ҳадди ниҳоӣ нест ва то охири моҳи март дар ин маврид ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул мекунад",- гуфт манбаъ.
Бояд гуфт, ки порлумони Тоҷикистон 25 январ таҳрири нави қонун "Дар бораи уҳдадории умуми ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ"-ро қабул кард, ки мутбиқи он дар Тоҷикистон шакли нави хидмати аскарӣ барои хидматчиёни эҳтиётӣ ҷорӣ шуд. Ин шакли нав хидмат ба муддати як моҳро бо пардохти маблағи муайян пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин ба хатмкунандаҳои донишгоҳу донишкадаҳо лозим мешавад, ки як сол дар артиш хидмат кунанд.
Аммо "Радиои Озодӣ" бо такя ба чанд донишҷӯйи донишгоҳҳои Тоҷикистон навиштааст, ки ба онҳо гуфтаанд, ки шумо баъди хатм ё бояд 28 ҳазор сомонӣ супореду як моҳ хидмат карда рутбаву билети ҳарбӣ бигиред ё як сол меравед хидмат мекунед.
Бино бар тағйироти воридшуда ба қонуни сарбозӣ, ҷавононе, ки кафедраҳои низомиро хатм мекунанд, танҳо баъд аз 12 моҳи хидмат дар артиш соҳиби рутбаи афсари эҳтиётӣ хоҳанд шуд. Дар гузашта хатмкардаҳои донишгоҳҳое, ки дорои кафедраҳои ҳарбӣ буданд, бо иштирок дар давраҳои 40-рӯза соҳиби билети ҳарбӣ шуда, рутба мегирифтанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Форуми Digital Tajikistan дар Душанбе зиёда аз 1000 иштирокчиро гирдиҳам овард
Рухсатнома барои боркашонӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бекор шуд
Вазорати энергетика: 80%-и ҳодисаҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ба об марбутанд
Эрон низ сафирашро дар Афғонистон нав кард
4 “Шоҳҷоиза” ва беш аз 120 ғолиб. Киҳо соҳиби ҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” шуданд?
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард
Дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ Тоҷикистон соҳиби 7 медал шуд
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста